Войти в почту

Легионерони тоҷик чи гуна бозӣ намуданд?

Ӯзбекистон

Бунёдкор – Давронҷон Эргашев

Дуюмин бозӣ пайи ҳам аст, ки Давронҷон Эргашев ҳамчун капитани дастаи Бунёдкор ба майдон меояд. Дар даври дуюми чемпионати Ӯзбекистон Бунёдкор аз тими Қизилқум 1:3 шикаст хӯрд ва футболбози тоҷик 90 дақиқа майдондорӣ намуд

Навбаҳор – Эхсони Паншанбе

Сурхон – Зоир Ҷӯрабоев

Дар ин давр Навбаҳор дар сафар тими Сурхонро 2:1 шикаст дод ва ин бозии дербии тоҷикона буд. Зоир Ҷӯрабоев 99 дақиқа ва Эҳсони Паншанбе 4 дақиқа дар майдон буд.

АГМК – Алишер Ҷалилов

АГМК дар ин давр дар сафар аз дастаи Локомотив Тошкент 2:1 шикаст хӯрд ва Алишер Ҷалилов 87 дақиқа бозӣ намуд.

Бангладеш

Раҳматгонж – Сиёвуш Асроров

Раҳматгонж-и Сиёвуш Асроров дар даври навбатии чемпионати Бангладеш аз дастаи Бангладеш Полис 1:2 мағлуб шуд.

Футболбози тоҷик дар ин дидор 90 дақиқа майдондорӣ намуд.

Ҳиндустон

Черчилл Брозерс – Комрон Турсунов

Черчилл Брозерс-и Комрон Турсунов дар даври 4-уми лигаи якуми Чемпионати Ҳиндустон аз дастаи ТРАУ бо натиҷаи 0:2 шикаст хӯрд.

Футболбози тоҷик дар ин дидор 90 дақиқа дар майдон буд ва бо корти зард “сарфароз” гардид.

Эрон

Персеполис – Ваҳдат Ҳанонов ва Манучеҳр Сафаров

Дар бозии даври навбатии лигаи бартари Эрон, тими Персеполис дар сафар Нафт Машҳадпо 2:1 шикаст дод ва Ваҳдат Ҳанонов пурра майдондорӣ кард, вале Манучеҳр чун ҳарвақта дар курсии эҳтиётӣ боқӣ монд

Қазоқистон

Мактаарал – Шериддин Бобоев

Мактаарал-и Шериддин Бобоев дар даври 2-юми чемпионати Қазоқистон аз Кайрат 0:1 мағлуб гардид ва Шериддин тамоми 90 дақиқа дар майдон буд

Бахрейн

Ал Аҳли – Нозим Бобоҷонов

Нозим Бобоҷонов дар ин ҳафта бо дастаи худ ба муддати ду соли дигар шартномаашро тамдид намуд

Болгария

Локомотив Пловдив – Парвизҷон Умарбоев

Локомотив дар даври навбатии чемпионати Болгария пагоҳ дар майдони худ тими Барое-ро қабул хоҳад кард.

View this post on Instagram A post shared by SPORTS.tj:Весь спорт – здесь!© (@sports.tj.official)