Войти в почту

Марде, ки пеши ҳунараш ҳазорон таъзим кардаанд: Шоми ҳунарии Толибхон Шаҳидӣ дар Маскав

1-уми ноябри соли равон дар дар Консерваторияи ба номи Павел Илич Чайковскии шаҳри Москва Шаби ҳунариву фарҳагии компазитори машҳур Толибхо Шаҳидӣ баргузор гардид. Дар ин шом барои гӯшшунидани мусиқии Шаҳидӣ ҳаводорони ҳунари ӯ, мухлисон, шогирдону пайвондон ва рӯзноманигор ҳозир шуданд. Толори хурди консерватория пур аз тамошобин буд ва ҳама интизори баромади ҳунармандону пазмони мусиқии Толибхлон Шаҳидӣ буданд. Барнома бояд соати 07:00 оғоз меёфт ва пеш аз сар шудани он мухлисон бо амвоҷи қарсакҳо Шаҳидиро ба саҳна даъват карданд. Толибхон Шаҳидӣ ҳам ба назди баландгӯяк омад. Бовиқор ва ором ҳамаро хайрамақдам гуфту нахуст суханони устодаш- компазитори маъруфи ҷаҳонӣ Арам Хачатурянро ба ёд овард. "Устоди муътабари ман Арам Хачатурян мегуфт, Толибхон вақтро ғанимат дон! Барои ҳамин ман кӯшиш мекунам, ки бештари вақти худро дар консерватория сипарӣ кунам, то эҷодиёти худро пешниҳоди мухлисон гардонам ва мусиқии дигар компазиторонро гӯш кунам",- гуфт вай. Сипас Шаҳидӣ хотираҳои худро варақгардон кард ва аз Малика Собирова ва тамрини 14-умин Симфонияи худ ёдовар шуд, ки ба қавли худаш барои тамоми ҳаёташ дар хотирааш ҷой гирифтааст. "Симфонии 14-ум аз аввалин хотираҳои рангини ман аст, ки барои тамоми ҳаётам дар хотирам мондаанд. Тамрини Симфония дар ҳамин толор- толори хурд хуб дар ёдам ҳаст ва сипас дар толори калони Колнсерватрория ҳам иҷро гардида буд. Барои шунидани Симфонияи 14-ум Малика Собирова низ омада буданд. Он замон ман ва раққосаи беҳамтои тоҷик шоҳиди тавлиди як офаридаи ҳунарие шудем, ки дар он бора замоне Умар Хайём гкуфта буд,- қайд кард вай. Дар охир Шаҳидӣ гуфт, "ман хело дар ҳаявҷон ҳастам, ки имконят ёфтаам, ки эҷодиёти худро намоиш бидиҳам. Сипас Шаҳидӣ бахшҳои шроми ҳунарӣ ва ҳунармандонро якояк муаррифӣ кард. "Бархе аз барномаҳои имрӯза бори аввал ба саҳна гузошта мешавад ва қисме аз онҳо такрорна.",- гуфт вай. Ҳамин тавр шоми эҷодии Толибхон Шаҳидӣ дар ду бахш — Бахши аввал бо 5 иҷро ва бухши дуввум бо пан иҷро дар фортапиано, сопрано, флейта, кларнет ва скрипка иҷро гардиданд. Дар барнома мусиқинавозони машҳури русия- Наталя Соколовская, Олга Грибовская, Екатерина Бездолная, Сергей Журавел, Екатерина МечетинаВазген Вартанян ширкат карданд. Ҳунармандоне яке паси дигаре баромада, мусиқиҳои навиштаи Шаҳидиро бо маҳорати баланд ва мақоми хос иҷро мекарданд ва пас аз он Шаҳидӣ ба саҳна баромада барои ҳанарнамоииашон ба ҳар яки онҳо алоҳитда изҳори миннатдорӣ баён мекард. Тамошобинон бошанд ҳар як ҳунармандро бо қарсакҳои пурмавҷ истиқбол ва гусел мекарданду гулу гулдастаҳо ҳадя менамудангд. Ҳамсари Толибхон Шаҳидӣ — Гулсифат Шаҳидӣ мегӯяд, барои ин шоми ҳунарӣ Шаҳидӣл омодагии ҷиддӣ медид ва доим дар сари кор буд. "Ҳунарманди асил бояд ҳамеша маҳсули корашро ба мухлисонаш пешниҳод кунад. Ман дар тӯзи зиндагии якҷоя бо Тилибхон- дар тӯли 44 сол ҳамеша вайро саргарми кор ва эҷодиёт дидаам",- мегӯяд Гулсифат Шаҳидӣ. Хуршеда Даврондухт- яке аз фарҳангиёни тоҷ к дар Русия низ юба шоми ҳунарӣ ҳузур омалда буд. Ин зҳани тоҷик мегӯяд, дом мусиқии Шаҳидиро гӯш мекунад ва боиси ифтихораш низ ҳаст, ки чунин мардони тоҷикро ҷаҳониён эътироф кардаанду пеши ҳунарш ҳазорон таъзим намудаанд. "Ман кайҳо боз аз эҷодиёти шаҳидӣ бохабар ҳастам ва гӯш мекунам ва фикр мекунам, ки бисёр компазитори бомаҳорат аст, зеро ба эҷодиёти ин одам ба гузаштаву имрӯзаи моро мешунавам. Шаҳидӣ одаме аст, ки фарҳанг ва мусиқии ҷаҳониро бо тоҷикива шарқӣ пайваст мекунад",- қайд кард вай. Толибхон Шаҳидӣ пас аз анҷоми барнома дар сӯҳбати сарироҳие бо Sputnik Тоҷикистон аз нақшаҳои ояндаи худ қисса кард. Ҳунарманд мегӯяд, нақша дорад тобистон ба Тоҷикистон тобистон бо барномаи ҳунарӣ ташриф оварад. Ба гуфтаи вай, бо мусиқичиёни тоҷик иртиботи бевосита дорад ва фикр мекунад, ки дар Тоҷикистон низ заминаҳои густариши ин намудии мусиқӣ кам бошад ҳам, вуҷуд дорад.